Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Edirne °C

Мулоқот бо Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер

Мулоқот бо Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер
REKLAM ALANI
02.06.2023
A+
A-

 

 

Мулоқот бо Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер

.2023 , шаҳри Душанбе

1 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визерро ба ҳузур пазируфтанд.

 

 

 

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо алоқаманди ҳамкориҳои самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо ҳастем. Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ идома ёфта, ҷудои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил хоҳад шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.

 

 

 

Дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 кишвари олам иштирок хоҳад кард.

Таъкид шуд, ки пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ омода буда, аз тарафи Ҳукумати кишвар барои рушди риштаи гуштини ҷудо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар ин бахши варзиш гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30805?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.